Вохурии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Малайзия ҷаноби Ҳенди Ассан
20 ноябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошкент) ҷаноби Ҳенди Ассан барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар густариши бештар касб хоҳад кард.