Навиди Вазорат

Семинар дар Вазорат

.

21-уми июли соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат семинар дар мавзӯи «Мубориза бар зидди коррупсия» бо мақсади иҷрои банди 25 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, доир гардид.

Ҷаласаи машваратӣ доир ба татбиқи қонун

.

21 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷаласаи машваратӣ бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои савдо ва бозорҳои вилоят доир гардид. Чорабинии мазкур дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. 

Баррасии натиҷаҳои фаъолият дар ҷаласаи Ҳайати мушовара

.

16-уми июли соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2015 баргузор гардид. 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное