Мулоқот бо намояндагони корпоратсияи исломӣ оид ба рушди хусусӣ
20 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Муовини Вазир Камолиддинзода Илёсиддин бо ҳайати намояндагони Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ таҳти Роҳбарии хонум Нидо Раза, ки бо мақсади роҳандозии фаъолиятҳои машваратӣ барои ташкилотҳои молиявӣ (Барномаи IFI), Сукук ва барномаҳои бозорӣ (Барномаи SCM) ва дастгирии саноату бахши хусусӣ (Барномаи IBES), инчунин дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.