Навиди Вазорат

Ҷаласаи сеюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

.

8-уми декабри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯро-Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин шарикони рушд баргузор гардид. 

Конфронси 4-уми ҳамкориҳои байниминтақавӣ

.

1-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардид.

Таъиноти нав дар Вазорат

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардидани Қаҳҳорзода Файзиддин Сатторро ба самъи ҳозирин расонид.