Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Япония
14 апрели соли 2017 дар чаҳорчӯби нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Япония Нобуо Киши баргузор гардид.