Вохӯрӣ бо намояндагони агентӣ
Дар санаи 25 феврали соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии кормандаони дастгоҳи марказии Вазорат бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва Сардори Раёсати агентӣ мубориза зидди коррупсия Б.Юсупов ва нозири калони ҳамин Раёсат Д.Файзуллоев ширкат варзиданд.