Навиди Вазорат

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба МОИ

.

Имрӯз бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки рушди Авруосиё

.

Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода бо Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон, Рашид Қодиров мулоқот анҷом дод.

Дар оғози дидор Шариф Раҳимзода Рашид Қодировро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон табрику таҳният намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин баъд ҳамкории бонки мазкур бо вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон сатҳу сифати навро касб хоҳад кард.

Пешниҳоди грант ба соҳаи тандурустӣ

.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон қаблан мувофиқашуда, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид. Ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон намояндаи Бонки рушди Олмон хонум Олга Геффеле имзо гузоштанд.