Дастгирии иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди савдо
Рӯзҳои 7-12 феврали соли 2014 дар шаҳри Женева иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода ширкат варзиданд. Дар доираи иҷлосияи мазкур рӯзи 7 феврал дар Женева "Вохӯрӣ оид ба дастгирии икдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди савдо" доир гардид.