Навиди Вазорат

Форуми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин (Шэнси)

.

  

16 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода Зоҳир Озод, Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Саид, Мудири бахши Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниев Хусрав, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Чин, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Гулистон

.

  

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.