Иштирок ва суханронии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми Иқтисодии барномаи Махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА)
21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми иқтисодии СПЕКА дар мавзӯи "Табдил додани минтақаи СПЕКА ба маркази ҳамкорӣ бо фарогирии глобалӣ" баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин иштирок ва суханронӣ намуд.