Мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ
28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар доираи чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло якҷо бо Ҳайати Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири саломатии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.