Навиди Вазорат

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ

.

Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

.

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи бозиҳои Зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Имрӯз, санаи 2 феврали соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2021 баргузор гардид.