Ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
23 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Керимов Инам Имдад оғлу дар шакли ҳузурӣ баргузор гардид.