Апрел 2021

14 Апрел 2021

Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.

Читать далее

Афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни Федератсияи Россия ва Хитой

 

 

 

Тибқи маълумоти Сарраёсати гумрукии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаҷми гардиши савдо байни Россия ва Хитой дар семоҳаи якуми соли 2021 ба ҳисоби солона 15,4 фоиз афзоиш ёфта, ба 29,3 млрд. доллар баробар гардид.

Читать далее

13 Апрел 2021

Коҳишёбии нархи тилло дар ҷаҳон

Тибқи маълумоти савдои биржавӣ, нархи тилло дар шароити болоравии қурби доллар ва даромаднокии вомбаргҳои давлатии ИМА коҳиш ёфта истодааст.


Нархи фючерси тилло дар биржаи Комекс (Comex) 0,82 фоиз ё 14,3 доллар коҳиш ёфта, арзиши 1 унсияи троянии тилло ба 1743,7 доллар баробар шуд. Нархи нуқра бошад 1,1 фоиз ё 25,3 доллар коҳиш ёфтааст.

Индекси доллар ба андозаи 0,2 фоиз боло рафт.

 

Читать далее

12 Апрел 2021

Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербург

12 апрели соли 2021 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо роҳбарии Марк Руслан Анатолевич баргузор гардид.

Читать далее

Афзоишёбии талаботи ҷаҳонӣ ба нафт

 

 

 

Дар Гузориши апрелии ОПЕК қайд гардидааст, ки бо назардошти барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон ва эмгузаронии аҳолӣ талаботи ҷаҳонӣ ба нафт 6 млн. баррел дар як шабонарӯз афзоиш ёфта, то охири соли 2021 ба 96,5 млн. баррел дар як шабонарӯз мерасад.

Читать далее

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия

12 апрели соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и  Малайзия Моҳд Абдул Карим бин Абдуллоҳ баргузор гардид.

Читать далее

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Читать далее

11 Апрел 2021

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Читать далее

10 Апрел 2021

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Читать далее

Ба истифода додани Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва азнавсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное