Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хидмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

№№

 

 

 

Номгӯи мансабҳои холӣ

Шумораи Мансаби холӣ

Маоши мансабӣ бо сомонӣ

1

 

Муовини сардори Сарраёсат- сардори Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт.

 

1

 

2392,20

2

Сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

 

1

 

2392,20

3

Муовини сардори Раёсат- сардори Шуъбаи протокол ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Раёсати котибот.

1

1965,60

4

Сардори Бахши системаи информатикӣ ва автоматикунонии Раёсати корҳо.

1

1323,00

5

Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт.

 

1

 

1200,00

6

Сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ.

1

1200,00

7

Сармутахассиси Шуъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ.

1

1200,00

8

Мутахассиси пешбари Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ.

 

3

 

 

978,00

9

Мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ.

 

1

 

978,00

10

Мутахассиси пешбари Маркази аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ.

1

978,00

11

Мутахассиси пешбари Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт.

1

978,00

12

Мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати савдо ва хизматрасонии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ.

 

1

 

978,00

13

Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ.

 

1

 

978,00

14

Мутахассиси пешбари Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо.

 

1

 

978,00

15

Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ.

1

978,00

16

Мутахассиси пешбари Раёсати молиявию баҳисобгирӣ

1

978,00

17

Мутахассиси пешбари Шуъбаи протокол ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Раёсати котибот.

 

978,00

18

Мутахассиси пешбари Бахши системаи информатикӣ ва автоматикикунонии Раёсати корҳо.

1

978,00

Эзоҳ: аз довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ иловатан талаб карда мешавад:

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф менамояд ва уҳдадориҳои мансабии довталабро ба танзим медароранд;

-таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва забони давлатӣ;

-самтҳои асосии сиёсати иқтисоди хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи муошират ва кордонӣ бо ҷомеа/шаҳрвандон, бахусус дар вақти ҳимояи манфиатҳои давлатӣ.

Довталабон метавонанд ба дастурамалҳои мансабии мансабҳои холии ба озмун пешниҳодгардида ва номгӯи саволҳои озмун дар Комиссияи қабул, замимаҳои 1, 2 эълони мазкур ва ё дар сомонаи Вазорат шинос шаванд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё дар шакли электронӣ пешниҳод намудан мумкин аст (ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо довталаб нусхаҳои аслии онҳоро то даври аввали озмун пешниҳод менамояд):

-Ҷузъгир (скоросшиватель);

-Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли пешбинигардида, ки дар комиссияи қабул ва ё сомонаи Вазорат пешниҳод карда мешавад;

-Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6;

-Тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи Дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-нусхаи Шиноснома;

-нусхаи Гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-нусхаи Шаҳодатномаи никоҳ (барои шахсони оиладор);

-нусхаи Дафтарчаи ҳарбӣ ё нусхаи Маълумотномаи бақайдгирии уҳдадории ҳарбӣ;

-Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УБ;

-Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи Билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотномаи Саридораи Марказии таҳлили аналитикии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба надоштани доғи судӣ).

Маълумоти иловагиро аз суроғаи зерин дастрас намудан мумкин аст: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кадрҳо ва бахши махсус: 734002, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар, 37. Сомонаи Вазорат: www.medt.tj, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , тел. 221-34-38, факс 221-46-23, ошёнаи 1, утоқи 113.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - муддати 21 рӯз аз рӯзи интишори эълон (то соати 12.00) дар бораи гузаронидани озмун.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное