Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

20 феврали соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар доираи ҷаласаи мазкур мавзӯи «Роҳҳои беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт» баррасӣ гардида, доир ба ин масъала гузориши муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир шунида шуд.

Қайд гардид, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои далхдор чораҳои заруриро ба роҳ монда истодааст.

Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаи қайдгардида ҷаласаи Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное