Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи корӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8-уми октябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода сурат гирифт. 

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва масъулини ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС» дар нуҳмоҳаи соли 2015 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва гузориш оиди корҳои дар ин самт ба сомон расонида, инчунин, нақшаи пешбинишудаи ташкилотҳои байналмилалӣ шунида шуд.

Қобили тазаккур аст, ки то имруз Гурӯҳи кории мазкур чор ҷаласаи кории худро, рӯзҳои 15 апрел, 12 июн, 9 ва 21 июли соли равон бо иштироки васеи аъзои Гурӯҳ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор намуд.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат намуда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС дастгирӣ менамояд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное