Навиди Вазорат



Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар мавзӯи Наврӯз ғояи созандагӣ ва рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Сараввал муҳтарам Вазир иштирокдоронро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, миннатдории худро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳор намуданд.

Дар баромади худ қайд намуданд, ки тибқи урфу одатҳои гузаштагон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дорад, маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рӯзу рӯзгори нав мебошад. Аз ҷумла, сурудҳои ҷовидонии нахусткитоби башарият «Авесто», ки ёдгори бегазанди тамаддуни ориёист, гувоҳи равшани тантанаи баҳору Наврӯз буда, ибораҳои «Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» аҳкоми зиндагиву рӯзгори мардум боқӣ мондаанд.

Инчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ маҳз бо шарофат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё гардида, ба он мазмуну мӯҳтавои тоза бахшида шуд.

Ҳангоми суханронӣ аз ҷониби муҳтарам Вазир баъзе хусусиятҳои Наврӯз муаррифӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки яке аз хусусиятҳои асосии Наврӯз ин таъмини фаровонии маҳсулот, яъне тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар ин замина омода намудани тамоми таҷҳизоту олоти меҳнат, банақшагирии корҳои дар фасли баҳор мебошад, ки аз паҳлуҳои иқтисодию хоҷагидории Наврӯз дарак дода, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва таъмини амнияти озӯқаворӣ замина мегузорад.

Маҳз оростани дастархони наврӯзӣ, ки асоси он «хони ҳафт сину ҳафт шин» мебошад, нишона ва намунаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва муаррифии он мебошад. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегии муайян намуда, ҷиҳати ноил шудан ба он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Хусусияти дигари Наврӯз зикр гардид, ки ин ҳадафи созандагӣ, яъне обод кардани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, сохтмон ва таъмири иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ ва хизматрасониву тиҷоратидошта, инчунин бунёди шоҳроҳу роҳҳои маҳаллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар арафаи тайёрӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми хуб мебошад.

Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ Наврӯз ва рукнҳои он ба беҳтар намудани ҳаёти инсон, оғоз намудани корҳои хоҷагидорию ободонӣ, ки метавонад тадриҷан сатҳи некуаҳволии мардумро баланд бардорад, равона гардида, аз дарки фаъолияти хоҷагидории шахс шаҳодат медиҳад.

Муҳтарам Вазир хусусияти дигари Наврӯзро ҳамчун заминаи мусоид барои фароҳам овардани рушди муносибатҳои байналмилалӣ қайд намуданд. Иттилоъ доданд, ки исботи ин гуфтаҳо аз ҷониби кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ, Ховари Наздик ва Қавқоз ҷашн гирифтани Наврӯз мебошад, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ истилоҳи нав - Ҳавзаи кишварҳои Наврӯзро ба вуҷуд овард.

Инчунин зикр намуданд, ки яке аз таомулу ойинҳои наврӯзӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ин пок нигоҳ доштани неъматҳои моддиву маънавӣ ва самаранок истифода намудани онҳо мебошад. Об низ ба мисли Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад.

Як сол қабл - бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар охир қайд гардид, ки маҳз дастовардҳои мазкур дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин дар арафаи ҷашни наврӯзӣ мужда мерасонад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное