Навиди Вазорат



Оғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳо дар мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд дар тамоми бахшҳо ноил гардидааст.

Имрӯзҳо фазои идонаи наврӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ин ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшҳо истиқбол мегиранд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное