Ба имзо расонидани Меморандум байни Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия ва Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 октябри соли 2021 байни Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия бо Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Суғд», «Кулоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» дар фазои тантанавӣ бо иштироки Муовини якуми вазир, роҳбарони минтақаҳо ва меҳмонон Меморандум барои ҳамкориҳои зич ва пурсамар ба имзо расид.