Сафари кории Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 августи соли 2022 масъулини вазорат таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода А.А. ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” сафари корӣ ба анҷом расонид. Дар рафти сафар роҳбарияти вазорат аз корхонаҳои амалкунанда ва бунёдшаванда, инчунин рафти сохтмони инфрасохтори минтақаи мазкур дидан намуданд.