Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

.

Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб»

.

10 марти соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.