Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”

.

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

.

16 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио Де Стефано

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Хикматуллозода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия ҷаноби Манлио Де Стефано баргузор гардид.