Нашри мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development)
Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.