Август 2019

07 Август 2019

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Туркия

5 августи 2019 дар Анқара ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро раиси Комиссия, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд. Дар рафти ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Читать далее

03 Август 2019

Бонки марказии Озарбойҷон меъёри фоизиро паст кард

Тибқи маълумоти роҳбари Бонки марказии Озарбойҷон меъёри фоизӣ аз 8,5 то 8,25 фоиз паст карда шуд.

Читать далее

Ҳукумати Ҷопон дурнамои рушди иқтисодиёти кишварро кам кард

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷопон дурнамои рушди иктисодиёти кишварро дар ин сол таҷдиди назар намуда, онро бо дарназардошти суст гардидани ҳаҷми содирот кам кард.

Читать далее

Ҷумҳурии Халқии Хитой сармоягузориро дар соҳаи энергетика ба таври назаррас зиёд намуд

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки сармоягузориҳои хитоӣ ба лоиҳаҳои соҳаҳои энергетикаи офтобӣ, шамолӣ ва ангишт дар кишварҳои «Як камарбанд - як роҳ» аз соли 2014 то соли 2019 афзоиш ёфта, бо вуҷуди ин иқтидорҳои банақшагирифташуда нисбат ба панҷсолаи гузашта зиёда аз 10 маротиба афзудааст.

Читать далее

Коҳишёбии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи евро дар нимсолаи якум

Рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар семоҳаи дуюм коҳиш ёфт, ки ин эҳтимолияти ҳавасмандгардонии иловагиро аз ҷониби Бонки марказии Аврупо зиёд менамояд.

Читать далее

Коҳишёбии иқтисодиёти ИМА

Вазорати савдои ИМА иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ рушди иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи дуюм бо ҳисоби солона 2,1 фоизро ташкил додааст, ки нисбат семоҳаи якум 1,0 банди фоизӣ кам мебошад.

Читать далее

02 Август 2019

Баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017 – 2019

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об - Усмоналӣ Усмонзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон - Найтхарт Хёфер-Виссинг маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017 – 2019 баргузор карда шуд.

Читать далее

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

2 августи соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2019, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное