Сентябр 2020

18 Сентябр 2020

Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. бо муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Л. ва муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ортиқов А.

 

18 сентябри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудротов Л.Ш. ва Муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ортиков А.Ҷ. баргузор гардид.

Читать далее

07 Сентябр 2020

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

 

Тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 июли соли 2020, №1571 кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич - сардори Раёсати сиёсати савдо ва хизматрасонӣ, Зайниддинзода Саидмурод Ҷумъамурод - муовини сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ - сардори Маркази аналитикӣ, бо медали «Хизмати шоиста» ва Восалиев Алишер Абдусатторович - сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

04 Сентябр 2020

Официально зарегистрирован первый субъект СЭЗ «Куляб».

4 сентября 2020 года в целях своевременного выполнения поручений Основателя мира и национального единства - Лидера нации президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона и протокольных поручений Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода о создании новых промышленных предприятий и рабочих мест, Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан Завкизода Завки Амин вручил первое свидетельство о регистрации в свободной экономической зоне  «Куляб», местному предпринимателю, главе ООО «Таджик Алмос» Бобоеву Хайриддину Рустамовичу.

Читать далее

Нахустин субъекти МОИ «Кӯлоб» расман ба қайд гирифта шуд

4 сентябри соли 2020 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои протоколии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин нахустин тасдиқномаи бақайдгирии субъекти Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"-ро ба соҳибкори ватанӣ роҳбари ҶДММ "Тоҷик Алмос" Бобоев Хайриддин Рустамович тақдим намуд.

Читать далее

03 Сентябр 2020

ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное