Все статьи

13 Январ 2025

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025 баргузор гардид.

Читать далее

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд вобаста ба баррасии Стратегияи 10-солаи Бонк барои солҳои 2026-2035 иштирок намуд

  

12 январи соли 2025 ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин якҷо бо муовини якуми Вазири молия, мудири алтернативӣ Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии БИР вобаста ба баррасии Стратегияи 10-солаи Бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Читать далее

11 Январ 2025

Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2024, аз №24/10-333 рӯзи 11 январи соли 2025 бо иштироки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.

Читать далее

28 Декабр 2024

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

  

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

  

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Читать далее

26 Декабр 2024

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

26 декабр  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

25 Декабр 2024

Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

  

 

25 декабри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбари муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Тақвияти иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқ барои имкониятҳои рушди соҳа» баргузор гардид.

Читать далее

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург

  

25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Читать далее

18 Декабр 2024

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид

  

18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Бобоев Мухтор баргузор гардид.

Читать далее

Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

  

18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Читать далее