Все статьи
12 Ноябр 2018
Афзоиши нархи бензин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Подробности статьи
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ӯзбекистон аз 16 ноябри соли ҷорӣ нархи чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелиро бо ҳисоби миёна 10,9 фоиз зиёд менамояд.
Арзиши 1 литр бензини навъи Аи-80 дар ҳаҷми 5,2 фоиз (аз 3,8 ҳазор сум то 4 ҳазор сум, 0,49 доллари ИМА), Аи-91 4,6 фоиз (аз 4,3 ҳазор сум то 4,5 ҳазор сум, 0,55 доллар), сӯзишвории дизелӣ 17,0 фоиз (аз 4,1 ҳазор сум то 4,8 ҳазор сум, 0,58 доллар) зиёд мегардад.
Дар солҳои 2000-2018 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар Ӯзбекистон 2,6 маротиба зиёд гардида, то 940 млн. доллар баробар гардид.
Иқтидори умумии корхонаҳои коркарди нафти Ӯзбекистон 10 млн. тонна нафтро дар як сол ташкил медиҳад, ки бо иқтидори 40,0 фоиз фаъолият менамоянд.
Дар даҳ соли охир истихроҷи нафт дар кишвар 3,8 маротиба то 800 ҳазор тонна ва конденсати газ 28,0 фоиз то 1,4 млн. тонна коҳиш ёфтааст.
Читать далее
Баҳодиҳии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Белорус дар солҳои 2019-2020 аз ҷониби
- Подробности статьи
Бонки Ҷаҳонӣ Бонки Ҷаҳонӣ дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Белорусро таҷдиди назар намуда, онро дар солҳои 2019-2020 дар сатҳи то 2,0 - 2,5 фоиз пешгӯӣ намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус рушди иқтисодиёти кишварро дар соли 2018 дар сатҳи 3,7 фоиз ва соли 2019-ум 4,0 фоиз пешбинӣ менамояд.
Иқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ изҳор намуд, ки дар Белорус хизматрасонии қарзи давлатӣ, ки маблағгузории дарозмуҳлатро талаб менамояд, масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Ҳукумати кишвар хароҷоти ҷумҳурӣ барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2019-ум 3,6 млрд. долларро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 100 млн. доллар кам мебошад.
Читать далееАфзоиши касри савдои ИМА дар моҳи сентябр
- Подробности статьи
Тибқи иттилои Агентии «Bloomberg» касри савдои ИМА дар моҳи сентябр афзоиш ёфт, ки ин дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи максималӣ ба ҳисоб меравад.
Аз рӯи маълумоти Вазорати савдои ИМА тавозуни касри савдо дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи гузашта 1,3 фоиз зиёд гардида, 54 млрд. долларро ташкил намуд.
Содироти мол ва хизматрасонӣ аз ҳисоби зиёд шудани содироти ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 1,5 фоиз боло рафта, ба 212,6 млрд. доллар баробар гардид. Воридоти молу хизматрасонӣ 1,5 фоиз афзоиш ёфта, 266,6 млрд. долларро ташкил намуд. Аз рӯи ҳисоботи Вазорати савдои ИМА дар моҳи сентябр касри савдо бо Чин ба андозаи 4,3 фоиз зиёд гардида, ба 40,2 млрд. доллар расид.
Читать далее
11 Ноябр 2018
Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев
- Подробности статьи
10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Читать далее10 Ноябр 2018
Оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.
Читать далееМуаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Читать далееИфтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Субҳи рӯзи 9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Читать далее09 Ноябр 2018
Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Читать далее08 Ноябр 2018
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
- Подробности статьи
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Читать далее06 Ноябр 2018
Боздид аз Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” дар ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд.
Читать далее