Все статьи

05 Ноябр 2018

Афзоиши даромади истеъмолкунандагони ИМА дар моҳи сентябри соли 2018

 

 

 

Вазорати тиҷорати ИМА иттилоъ дод, ки даромади истеъмолӣ дар ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи август дар ҳаҷми 35,7 млрд. доллари ИМА ё 0,2 фоиз ва хароҷот 53 млрд. доллар ё 0,4 фоиз афзоиш ёфт.

Даромади дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ИМА дар моҳи сентябр 0,2 фоиз ё 29,1 млрд. доллар зиёд гардид.

Даромади воқеии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ин давра нисбат ба моҳи август бо ҳисоби нархҳои соли 2009-ум 0,1 фоиз афзоиш ёфт.

 

 

 

Читать далее

Пешниҳоди вазирони соҳаи савдо оид ба ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)

 

 

 

Агентии «Bloomberg» иттилоъ медиҳад, ки вазирони соҳаи савдои 12 давлат ва Иттиҳоди Аврупо дар рафти вохӯрӣ дар шаҳри Оттаваи давлати Канада масъалаи ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро баррасӣ намуданд.

Бояд қард кард, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок надоштанд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дар мавриди наандешидани чораҳои зарурӣ СУС ба мушкилоти назаррас дучор мегардад,

Инчунин вазирон зарур шумориданд, ки ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун иштирокчиёни низоъҳои тиҷоратӣ бояд дар ислоҳоти СУС иштирок намоянд.

 

 

 

Читать далее

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

03 Ноябр 2018

Мулоқот бо гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал - Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

02 Ноябр 2018

Арзёбии барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ

Ирмӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷуразода ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.

Читать далее

Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Конститутсия.

1 ноябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Читать далее

01 Ноябр 2018

Встреча Завкизода Завки Амин с представителями Международного рейтингового агентства «Moody’s».

31 октябри соли 2018, Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода Завқи Амин ва намояндагони Вазорати молия бо ҳайати Агентии рейтингии байналмилалии Moody's мулоқот анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дурнамо ва хатарҳо, омилҳои асосӣ ва сарчашмаҳои рушди маблағгузорӣ иттилоъ дод.

Читать далее

31 Октябр 2018

Мулоқоти Вазир бо ҷаноби Юе Бин

Рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳалқии Ҳитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин баргузор гардид.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

29 Октябр 2018

Ҷаласаҳои чорум ва панҷуми кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо

Рӯзи 29 октябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаҳои чорум ва панҷуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Читать далее