Все статьи
03 Декабр 2018
Шарҳи асъори кишварҳои тараққикардаистода
- Подробности статьи
Дар давраи аз 20 то 27 ноябри соли ҷорӣ вазъи бозорҳои асъори давлатҳои тараққикардаистода бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш ёфт. Аз ҷумла коҳишёбии нархи нафти навъи «Brent» дар ин давра ба андозаи 3,0 фоиз мушоҳида гардид.
Дар ин давра қурби лираи Туркия нисбат ба доллари ИМА баъди ба истифода додани лулаи гази «Турецкий поток» 2,3 фоиз афзоиш ёфта, тенгеи Қазоқистон ва рубли Россия дар доираи коҳишёбии нархи нафт ва таҳримҳои ҷоринамудаи ИМА ба иқтисодиёти Федератсияи Россия назаррас коҳиш ёфтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 дурнамои қурби асъори тенгеро нисбат ба доллар таҷдиди назар намуда, онро нисбат ба дурнамои қаблӣ аз 350 тенге то 370 тенге барои як доллар ва дурнамои нархи миёнаи нафтро аз 60 доллар то 55 доллар барои як баррел қоҳиш дод.
Читать далее
Ҷумҳурии Франсия аз марказҳои гармидиҳӣ ва неругоҳҳои барқи гармӣ бо истифодаи ангишт даст мекашад
- Подробности статьи
Тибқи изҳороти Президенти Ҷумҳурии Франсия дар нишасти матбуотӣ дар қасри Елизей тадриҷан даст кашидан аз истифодаи манбаъҳои барқарорнашавандаи энергетикӣ ба Франсия имкон медиҳад, ки аз як қатор истеҳсолкунандагони нафт ва газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ мустаъқилиятро ба даст орад.
Дар баробари ин, Франсия барои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергетика ҳар сол ба маблағи 3 млрд. евро ҷудо намуда, ҳаҷми умумии онро то 8 млрд. евро зиёд менамояд. Ӯ васеъ намудани паркҳои генераторҳои шамолӣ ва тавассути онҳо то соли 2030 се баробар афзоиш додани истеҳсоли қувваи барқ, инчунин нақшаи 5 маротиба зиёд намудани истеҳсоли энергияи офтобиро изҳор намуд.
Мавсуф қайд кард, ки Франсия мақсад дорад то соли 2030 аз неругоҳҳои барқи гармӣ бо истифодаи ангишт пурра даст кашад.
Читать далее
Афзоиши ҳаҷми истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ
- Подробности статьи
Агентии «Reuters» қайд намуд, ки истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ дар моҳи ноябр 11,1-11,3 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки ин бисёр нишондиҳандаи баланд буд. Ин нишондиҳанда 0,5 млн. баррел дар як шабонарӯз, баробар ба 0,5 фоизи талаботи ҷаҳонӣ афзуд. Инчунин нишондиҳандаи мазкур аз моҳи октябр нисбат ба аввали сол дар ҳаҷми 1 млн. баррел дар як шабонарӯз зиёд гардид.
Корхонаҳои саноати нафтии Арабистони Саудӣ ҳам мехоҳанд, ки нархҳо дар сатҳи зиёда аз 70 доллари ИМА барои як баррел боқӣ монанд.
Вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ изҳор намуд, ки дар соли 2018 интиқоли нафт дар ҷаҳон метавонад талаботро аз 1 млрд. баррел дар як шабонарӯз дар соли оянда зиёд намояд ва аз ОПЕК талаб кард, ки чораандешӣ намояд.a
Читать далее
Қабули созишнома оид ба «Brexit» аз ҷониби давлатҳои Иттиҳоди Аврупо
- Подробности статьи
Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи охирони дар Брюссел баргузоргардида созишнома дар бораи баромадани Британияи Кабир аз аъзогии Иттиҳоди Аврупоро қабул намуданд. Ҳуҷҷати мазкур 30 марти соли 2019 мавриди эътибор қарор мегирад.
Матни созишнома ба қайд гирифта шуд, аммо на ҳамаи масъалаҳо оид ба Brexit ҳалли худро ёфтаанд, аз қабили ҳалли масъала оид ба сарҳади Ирландияи Шимолӣ. Маҳз барои ҳамин масъала минтақаи мазкур минтақаи ягонаи гумрукиро бо Иттиҳоди Аврупо нигоҳ медорад, яъне ин ба дигар манотиқи Британияи Кабир низ тааллуқ дорад.
Читать далее
01 Декабр 2018
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон
- Подробности статьи
30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд.
Читать далее28 Ноябр 2018
Мулоқоти Неъматулло Хикматуллозода бо Кевин Коверт
- Подробности статьи
Рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Хикматуллозода бо Кордори Сафорати ИМА ҷаноби Кевин Коверт баргузор гардид.
Читать далее26 Ноябр 2018
Иқдомоти Ҷумҳурии Индонезия оид ба афзоиши гардиши савдо бо Федератсияи Россия
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти Агентии «Bloomberg» Ҷумҳурии Индонезия то соли 2020 зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро бо Федератсияи Россия дар ҳаҷми то 5 млрд. доллар пешбинӣ намудааст.
Дар соли 2017 ҳаҷми савдои мутақобилаи Россия ва Индонезия 2,5 млрд. долларро ташкил карда буд. Ҷумҳурии Индонезия зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро ба Федератсияи Россия асосан аз ҳисоби рушди содироти маҳсулот аз моҳӣ ва меваҷот ба нақша гирифтааст.
Инчунин Индонезия вусъат додани гардиши савдоро бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нақша гирифтааст ва ба дастгирии Россия ҳамчун Раиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё умедвор мебошад.
Читать далееБолоравии сатҳи таваррум дар минтақаи евро
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти Идораи омори Иттиҳоди Аврупо (Eurostat) индекси нархҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 2,2 фоиз ва нисбат ба моҳи сентябр 0,2 фоиз афзоиш ёфт.
Нархҳои истеъмолӣ бе назардошти нархҳои қувваи барқ, маҳсулоти хурокворӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 1,1 фоиз зиёд гардид.
Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар моҳи октябр то 2,4 фоиз афзоиш ёфта, дар Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Испания дар сатҳи моҳи сентябр мутаносибан 2,5 фоиз ва 2,3 фоиз боқӣ мондааст.
Читать далее
Афзоиши ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой
- Подробности статьи
«Вести. экономика» иттилоъ медиҳад, ки дар моҳҳои январ-октябр сармояи мустақими хориҷӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 701,2 млрд. юан (наздики 107,7 млрд. доллар) зиёд гардид.
Шумораи ширкатҳои наве, ки аз хориҷа маблағгузорӣ шудаанд то 49,5 ҳазор афзоиш ёфтаанд.
Дар саноати коркард наздики 220 млрд. юан сармоягузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 12,4 фоиз зиёд мебошад. Сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир 11,4 фоиз афзуда, 22,4 фоизи сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ташкил дод.
Читать далее
Ба имзорасии созишнома бо Бонки Осиёии Рушд
- Подробности статьи
23 ноябри соли 2018 созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 35 млн. доллари ИМА байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба азнавҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
Читать далее