Все статьи

17 Декабр 2018

Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба таҳримҳои нав нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия муқобил аст

 

 

 

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар нишасти матбуотӣ бо Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор намуд, ки Ҳукумати Олмон қабули чораҳои маҳдудкунандаи навро нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия ҷонибдорӣ намекунад.

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» вазири корҳои хориҷии Олмон қайд намудааст, ки дар айни замон оид ба таҳримҳои нав сухан рондан нодуруст мебошад.

Инчунин Вазир қайд намудааст, ки аз ҷониби Олмон оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳои нав нисбат ба Россия пешниҳод манзур карда намешавад.  

 

 

 

Читать далее

Роҳи нави абрешим дар Аврупо ба монеаҳои ҷиддӣ дучор мешавад

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Asia Times» Иттиҳоди Аврупо ислоҳоти низоми ҳалли баҳсҳоро миёни сармоягузорон ва давлатҳо пешниҳод намуд.

Пешниҳоди мазкур муносибати сармоягузориро миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Иттиҳоди Аврупо ва муколамаи онҳо оид ба иқдомоти Пекинро вабаста ба «Як камарбанд-як роҳ» метавонад мушкил созад.

Ба наздикӣ Иттиҳоди Аврупо нақшаи таъсиси мақоми доимӣ оид ба ҳалли баҳсҳои байнисарҳадиро, ки дар доираи созишномаҳои сармоягузории мавҷудбуда ва минбаъда ба вуҷуд меоянд, таҳия намуд.

Пешниҳоди Аврупо дар асоси низоми нави ҳалли баҳсҳо, ки ба созишнома оид ба савдои озод ва ҳифзи сармоягузориҳо бо Канада, Сингапур, Ветнам ва Мексика дохил карда шудаанд, ба роҳ монда шудааст.

 

 

 

Читать далее

Пешниҳодҳои Ҷумҳури Халқии Хитой оид ба ислоҳоти Созмони Умумҷаҳонии Савдо (СУС)

 

 

 

Ҷумҳурии Халқии Хитой дар мавриди ислоҳоти СУС се принсипи асосиро пешниҳод намудааст, аз ҷумла арзишҳои асосии низоми савдои бисёрҷониба бояд нигоҳ дошта шавад, манфиатҳои рушди аъзоёни кишварҳои тараққикунанда ҳимоя гардад ва механизми тартиби қабули қарорро риоя кунад.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи ислоҳоти СУС чунин пешниҳод менамояд, аз ҷумла:

 - ислоҳоти СУС бояд пеш аз ҳама ба низоми савдои бисёрҷониба мусоидат намояд;

 - афзалияти ислоҳоти СУС ба барҳам додани бӯҳронҳои мавҷуда (масъалаҳо), ки СУС ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст, равона гардад.

- ислоҳоти СУС бояд мутобиқати қоидаҳои савдоро ба назар гирад ва ба талаботи замон ҷавобгӯй бошад;

- ислоҳоти СУС бояд барои аъзои кишварҳои тараққикунанда доштани ҳуқуқҳои махсус ва гуногунро таъмин намояд;

- ислоҳоти СУС бояд моделҳои рушди аъзои худро эҳтиром намояд.

 

 

 

Читать далее

Рушди пасттарини иқтисодиёти минтақаи евро аз соли 2014

 

 

 

«Вести. Экономика». иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти охирини Идораи омори Иттиҳоди Аврупо (Eurostat) иқтисодиёти минтақаи евро дар семоҳаи сеюм бо суръати пасттарин дар чор соли охир рушд ёфта, афзоиши шуғл низ коҳиш ёфтааст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии 19 кишвари минтақаи евро дар моҳҳои июл-сентябр нисбат ба семоҳаи дуюм ба ҳисоби миёна 0,2 фоиз рушд ёфт, ки аз моҳи сентябри соли 2014 рушди пасттарин ба ҳисоб меравад.

 Иқтисодиёти 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар семоҳаи III-ум дар муқоиса бо семоҳаи қаблӣ 0,3 фоиз рушд ёфта, иқтисодиёти бузургтарин дар минтақаи евро, Олмон дар моҳҳои июл-сентябр бо ҳисоби семоҳа 0,2 фоиз коҳиш ёфта бо ҳисоби солона 1,2 фоиз афзудааст.

 

 

 

Читать далее

Ҷангҳои тиҷоратӣ ба манфиати ИМА нест

 

 

 

Агентии Caixin дар робита ба маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой иттилоъ медиҳад, ки ИМА тасмим гирифта буд, ки тавассути ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ ба молҳои Хитой касри тарози савдои кишварро бо Хитой коҳиш диҳад.

Дар асл касри тарози савдо бо Хитой дар моҳи ноябр сатҳи баландтарин 35,6 млрд. долларро ташкил дод.

Дар ин давра содирот аз Хитой ба ИМА 10,0 фоиз афзоиш ёфта, 46,2 млрд. долларро ташкил намуд ва воридоти Хитой аз ИМА 25,0 фоиз коҳиш ёфта, 10,7 млрд. долларро ташкил кард.

 

 

 

Читать далее

14 Декабр 2018

Мулоқот бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

07 Декабр 2018

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

6 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд иштирок намуданд.

Читать далее

05 Декабр 2018

Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Чезар Армеану

5 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш. Остона ҷаноби Чезар Армеану баргузор гардид.

Читать далее

04 Декабр 2018

Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Андреа ДаллОлио

Рӯзи 3 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии ҷаноби Андреа ДаллОлио ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Читать далее

03 Декабр 2018

Коҳишёбии афзоиши даромади корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

 

 

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки рушди даромади корхонаҳои саноатӣ дар Хитой бо назардошти коҳишёбии афзоиши фурӯш ва нархҳои истеҳсолкунандагон дар моҳи октябр, моҳи шашум пайи ҳам коҳиш ёфта истодааст.

Тибқи маълумоти Идораи давлатии омори кишвар даромади корхонаҳои саноатӣ дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 3,6 фоиз зиёд гардида, 548 млрд. юан (78,9 млрд. доллар)-ро ташкил дод. Дар моҳи сентябр рушди даромад 4,1 фоизро ташкил дода буд.

Дар моҳҳои январ-октябр даромади корхонаҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар моҳҳои январ-сентябр ин нишондиҳанда 14,7 фоиз зиёд гардида буд.

 

 

 

Читать далее