Все статьи

07 Январ 2019

Коҳишёбии сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Олмон

 

 

 

Тибқи иттилои Агентии «Bloomberg» дар нимсолаи дуюми соли 2018 ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сабаби зери назорати қатъӣ гирифтани сармоягузории хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Олмон сармоягузориро ба ширкатҳои олмонӣ кам карданд.

Сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар нимсолаи дуюми соли 2018 барои харидории саҳми ширкатҳои олмонӣ 311 млн. доллари ИМА сарф карданд, ки ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қариб 10 млрд. долларро ташкил медод.

 

 

 

Читать далее

Коҳишёбии рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ ва фурӯши молҳои чакана дар Ҷопон

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Ҷопон дар моҳи ноябри соли 2018 нисбат ба моҳи гузашта бо назардошти коҳишёбии истеҳсоли таҷҳизоти истифодаи умум 1,1 фоиз кам гардид.

Истеҳсолкунандагони пурсидашудаи Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷумҳурии Ҷопон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар моҳи декабр дар сатҳи 2,2 фоиз ва коҳишёбии онро дар моҳи январи соли 2019 дар сатҳи 0,8 фоиз пешбинӣ менамоянд.

Бо вуҷуди ин, таъсири эҳтимолии хавфи ҷангҳои тиҷоратии байни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ҳанӯз ба истеҳсолоти саноатии Ҷопон таъсири манфӣ нарасонидааст, боиси нигаронӣ мебошад.

Читать далее

Сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2019

 

 

 

Бонки марказии Аврупо (БМА) дар маҷаллаи иқтисодии худ изҳор намуд, ки заифгардии дастгирии сиёсӣ дар кишварҳои иқтисодиёти пешрафта ва ҷой доштани таъсири низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Хитой ба вазъи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, боиси сустшавии рушди он дар соли 2019 мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи моҳи декабри соли 2018 БМА меъёри фоизи қарзҳоро дар сатҳи сифр ва меъёри пасандозҳоро дар сатҳи 0,4 фоизи солона боқӣ монд.

Бонки марказӣ изҳор намуд, ки мақсад дорад меъёри калидиро то охири тобистони соли 2019 дар сатҳи қаблӣ боқӣ монад. Бонки марказӣ дурнамои сатҳи таваррумро дар соли 2018 аз 1,7 фоиз то 1,8 фоиз ва дар соли 2019 аз 1,7 фоиз то 1,6 фоиз баҳодиҳӣ намуд.

 

 

 

Читать далее

28 Декабр 2018

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо Озарбойҷон

Рӯзи 27 декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенсӣ» таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъмутулло Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мулоқоти дуҷониба бо ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки зери сарварии Вазири иқтисоди Озарбойҷон ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Читать далее

27 Декабр 2018

Ҷаласаи шашуми кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС)

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид. Читать далее

26 Декабр 2018

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд.

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Читать далее

24 Декабр 2018

Шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ»-и ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Россия ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» шинос шуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Рӯдакӣ

Рӯзи 21-уми декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее