Все статьи
15 Январ 2019
Коҳишёбии содироти нафти Ҷумҳурии Боливия
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «Вести Экономика» дар соли 2018 дар заминаи буҳрони иқтисодӣ истихроҷи нафти Ҷумҳурии Боливия коҳиш ёфта, содироти он ҳамагӣ 1,2 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил намудааст, ки нишондоди пастарин дар 28 соли охир ба ҳисоб меравад.
Яке аз даромади асосии буҷети Ҷумҳурии Боливия содироти нафт мебошад, ки истеҳсоли он аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ боз ҳам паст рафта истодааст.
Дар баробари ин Ҷумҳурии Боливия таҳти фишори қарздиҳандагони ИМА қарор дорад, ки барои ба даст овардани дороиҳо кӯшиш менамоянд. Амрико пас аз 10 январи соли ҷорӣ таҳримҳоро нисбат ба Ҷумҳурии Боливия зиёд менамояд.
Читать далее
Ҷорӣ намудани андози нав аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти шабакаи «NHK» дар мавриди баромадан аз кишвар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҷопон ва шаҳрвандони хориҷӣ пардохти андозӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор йиен (9 доллари ИМА) зарур мебошад.
Маблағи муайянгардида ба таври автоматикӣ ба арзиши чиптаҳои мусофирон барои киштиҳо ва ҳавопаймо илова карда мешавад. Аз пардохти андози мазкур мусофирони транзитӣ (на камтар аз 24 соат дар Ҷопон қарор дорад), кӯдакони то 2 сола, инчунин намояндагони дипломатӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонони давлатӣ озод карда мешаванд.
Мутобиқи ҳисобҳои Ҳукумати кишвар ҷорӣ намудани андози нав дар як сол ба буҷет тақрибан 50 млрд. йен (460 млн. доллар) маблағи иловагӣ ворид мешавад.
Читать далее
Кам намудани меъёри захираҳои ҳатмии бонкҳо аз ҷониби Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти Агентии «Bloomberg» Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки барои озод намудани пардохтпазирӣ ва дастгирии рушди иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳо ба андозаи 1 банди фоизӣ коҳиш диҳад.
Бонки халқии Хитой изҳор намуд, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 15 январи соли ҷорӣ 0,5 банди фоизӣ ва аз 25 январ боз 0,5 банди фоизӣ кам карда мешавад.
Меъёри захираҳои ҳатмӣ барои бонкҳои тиҷоратии азим 14,5 фоиз ва барои қарздиҳандаҳои хурд 12,5 фоизро ташкил медиҳад.
Читать далее
Сустшавии сатҳи таваррум дар минтақаи «Евро»
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти пешакии Идораи омори Аврупо (Eurostat) сатҳи таваррум дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 назаррас суст гардидааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,6 фоиз афзоиш ёфт. Индекси нархҳои истеъмолӣ бе назардошти нархҳои қувваи барқ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳои спиртӣ (Индекси CPI Core) дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,0 фоиз зиёд гардид.
Сустшавии таваррум асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи нафт ба миён омад.
Читать далее
14 Январ 2019
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо иштироки Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.
Читать далее11 Январ 2019
Cафари кории Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳияи Панҷ
- Подробности статьи
Рӯзҳои 3-4-уми январи соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳия Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
08 Январ 2019
Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, инчунин раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
07 Январ 2019
Воридоти биринҷ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ИМА
- Подробности статьи
Агентии «Reuters» дар робита ба маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой иттилоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой маротибаи аввал барои воридоти биринҷ аз ИМА дарҳои худро кушод.
Акнун воридоти биринҷи қаҳваранг, тоза ва майдакардашуда аз ИМА бо назардошти мутобиқат кардани онҳо ба стандарҳои назоратии Хитой ва дар Вазорати кишоварзии ИМА ба қайд гирифта шуда интиқол карда мешавад. Таҳлилгари ширкати «JCI» оид ба соҳаи кишоварзӣ қайд менамояд, ки иҷозати воридоти биринҷи амрикоӣ аз беҳтар шудани муносибати ИМА ва Хитой шаҳодат медиҳад.
Вазорати кишоварзии ИМА истеҳсоли 6,9 млн. тонна биринҷро дар кишвар пешгӯӣ менамояд. Ҷумҳурии Халқии Хитой бошад ба кишвар қариб 5 млн. тонна биринҷ ворид менамояд.
Читать далее
Ҷумҳурии Туркия аз 1 январи соли 2019 аз сайёҳони хориҷӣ андоз меситонад
- Подробности статьи
Воситаи ахботи оммаи маҳаллӣ дар робита бо Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Туркия иттилоъ медиҳанд, ки Ҷумҳурии Туркия аз 1 январи соли 2019 баҳри таъмини бехатарии сайёҳони хориҷӣ 1,5 евро ба ҳар як сайёҳ андоз ҷорӣ менамояд.
Қаблан ҷорӣ намудани андози мазкур дар ҳаҷми 3 евро пешбинӣ гардида буд ва бо назардошти муроҷиати ширкатҳои сайёҳӣ он то 1,5 евро паст карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки аз 40 млн. сайёҳони дар соли 2018 ба Ҷумҳурии Туркия воридгардида 6 млн. нафарашонро сайёҳони Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.
Читать далее
Афзоиши ҳаҷми содироти нафти Ҷумҳурии Ироқ дар моҳи декабр
- Подробности статьи
Агентии «Bloomberg» дар робита ба маълумоти намояндаи Вазорати нафти Ҷумҳурии Ироқ иттилоъ медиҳад, ки содироти нафт аз Ироқ дар моҳи декабри соли 2018-ум 3,7 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 10,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ дар моҳи декабр Ироқ 115 млн. баррел нафт, аз ҷумла 112 млн. баррел нафт аз чоҳҳои ҷануби кишвар ва 3 млн. баррел аз чоҳҳои шимоли кишвар содир намудааст.
Инчунин тибқи маълумоти намояндаи Вазорати нафти Ироқ даромади кишвар аз содироти нафт (бо назардошти нархи миёнаи нафт барои як баррел 52,8 доллар) дар моҳи декабри соли 2018-ум 6,1 млрд. долларро ташкил кард.
Читать далее