Все статьи
09 Декабр 2022
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон
- Подробности статьи
9 декабри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Давид Грихтинг дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид.
Читать далееМасъалаи яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон муҳокима гардид
- Подробности статьи
Рӯзи 9 декабри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари ҳайти расмии Иттиҳоди Аврупо, Мушовири Директори генералии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба савдо хонум Эва Синоветс баргузор гардид.
Читать далее08 Декабр 2022
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истанбул
- Подробности статьи
8-9 декабри соли 2022 бо мақсади иштирок дар 6-умин Саммити Иқтисодии Истанбул бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ҳайати кишвар, аз ҷумла муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода ва Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин ба шаҳри Истанбули Туркия сафарбар шуданд. Чорабинии мазкур зери унвони “Занҷираи ҷаҳонии арзиш” ташкил гардида, дар кори он инчунин мавзуҳои “Дигаргуниҳои иҷтимоӣ”, “Имкониятҳо барои соҳибкорзанон дар занҷираи таъминот”, “Ташаккулёбии арзиш дар соҳаи сайёҳӣ аз сатҳи маҳаллӣ то ҷаҳонӣ”, “Трансформатсияи рақамӣ ва сабз дар минтақаҳои саноатӣ”, “Нақши автомобилҳои электронӣ дар соҳаи энергетика ва дигаргунсозии он”, ва “Инноватсия дар соҳаи тандурустӣ барои рушди устувор” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Читать далее06 Декабр 2022
Баррасии масъалаи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Санаи 6 декабри соли 2022 ҷамъомади иқтисодӣ дар мавзӯи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Читать далее02 Декабр 2022
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Подробности статьи
2 декабри соли 2022 ҷаласаи 96-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.
Читать далееМизи мудаввар оид ба муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд
- Подробности статьи
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз” рузи 2 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи вазорат муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор намуд, ки вобаста ба он маълумоти мухтасар манзур мегардад.
Читать далее01 Декабр 2022
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид
- Подробности статьи
Санаи 1 декабри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» баргузор гардида, дар он омодагии дар вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далее29 Ноябр 2022
Ҷаласаи понздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
- Подробности статьи
Рӯзи 29 ноябри соли 2022 ҷаласаи 15-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Читать далееВохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Туркия ва муовини Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия
- Подробности статьи
29 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Туркия ва муовини Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Читать далееМулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ
- Подробности статьи
28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар доираи чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло якҷо бо Ҳайати Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири саломатии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Читать далее