Все статьи

28 Ноябр 2022

Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ

28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ оғоз гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Читать далее

26 Ноябр 2022

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид

Санаи 26 ноябри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

25 Ноябр 2022

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ

25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Читать далее

24 Ноябр 2022

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

24 ноябри соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.

Читать далее

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.

Читать далее

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Читать далее

23 Ноябр 2022

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023

Санаи 23 ноябри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

22 Ноябр 2022

Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 ноябри соли 2022 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Читать далее

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 ноябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франсиско Саҳорес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Читать далее