Все статьи
31 Октябр 2022
Ташриф ба префектураи Кочии Ҷопон
- Подробности статьи
Дар идомаи сафари корӣ 31 октябри соли 2022 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Муовини губернатори префектураи Кочи ҷаноби Инуе Ҳироюки мулоқот анҷом дод.
Читать далееИштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷирҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ
- Подробности статьи
31 октябри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии мубодилаи маълумот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Читать далееМулоқот бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге
- Подробности статьи
31 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далееШиносоӣ аз таҷрибаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти Япония
- Подробности статьи
31 октябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба Япония муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз таҷрибаи муваффақи Япония дар самти ба роҳ мондани таҷрибаи коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти дурдаст ва таъсиси ҷойҳои кории доимӣ барои аҳолии ин деҳот аз фаъолияти Кооперативи кишоварзӣ дидан намуд.
Читать далее29 Октябр 2022
Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
- Подробности статьи
28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд.
Читать далее27 Октябр 2022
Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо
- Подробности статьи
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далееМулоқот бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел
- Подробности статьи
27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Читать далееМуовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари Шӯрои соҳибкорию сармоягузори Тоҷикистону Амрико иштирок намуд
- Подробности статьи
27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари Шӯрои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) баргузор гардид, ки дар он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Читать далееШиносоӣ бо фаьолияти паркҳои инноватсиони дар Япония
- Подробности статьи
27 октябр зимни сафари корӣ ба Япония муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дар шаҳри Кобе аз фаьолияти Кластери инноватсионии биотибби шинос шуданд. Кластери мазкур 359 ширкатҳои гуногунро, ки бо таҳқиқот, истеҳсол ва хизматрасонӣ дар самти биотехнология, фармасевтика, коркарди таҷҳизоти робототехникаи тиббӣ ва ғайра машғуланд дарбар мегирад.
Читать далее26 Октябр 2022
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023
- Подробности статьи
Муҳтарам Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.
Читать далее