Навиди Вазорат

Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистони солҳои 2024-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд

.

  

20 ноябри соли 2024 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар нишасти Гурӯҳи кории С5+1 оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ

.

 

  

Имрӯз нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баргузор гардид.