Иштирок ва суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan»
25 ноябри соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan», ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.