Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин”-ро мавриди истифода қарор доданд.