Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” пас аз таъмиру навсозӣ дар шаҳри Душанбе
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат”-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.