Навиди Вазорат

Ҷаласаи навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021

.

Имруз, 28 апрели соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зери роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А.А. ҷаласаи навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021, ки бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шудааст, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор карда шуд.

Иштирок дар ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором

.

 

 

 

Рӯзҳои 26-27 апрели соли 2021 ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором зери унвони “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули" аз пештара ҳам беҳтар тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

.

 

27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.