Навиди Вазорат

Сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ дар мавзӯи «Татбиқи харитаи роҳ оид ба рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд

.

20 апрели соли 2021, сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ оид ба татбиқи харитаи роҳ барои рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд тавассути видеоконференсия таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) баргузор гардид

.

Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ дар бинои Вазорати рушди иқктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линде

.

15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.