Навиди Вазорат

Иштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор

.

26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи  “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

23 апрели соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло сухани ифтитоҳӣ намуданд. Лоиҳаи барномаи қайдшуда аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба тариқи рӯнамо муаррифӣгардида, ҳадафу афзалиятҳо, тадбирҳо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ муфассал баён карда шуд.

Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

23 апрели солӣ 2021 дар ҳошияи вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Арипов Аблулла мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.