Навиди Вазорат

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

.

8 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромитро мавриди истифода қарор доданд.

Боздид аз кишти зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат

.

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

.

Ҳамватанони азиз! 

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.