ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд
Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.