Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов
29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.