Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ
Рӯзи 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода, ки Хамраиси қисми тиҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ мебошанд, бо Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб, хонум Саҳар Наср, ки Ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ мебошад, баргузор гардид.