Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.