Навиди Вазорат

Вохӯрии Вазир бо намояндагони БРО

.

27 майи соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамгироӣ бо савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо баланд арзёбӣ намуд

.

Рӯзи 24 майи соли 2019 дар мулоқот бо Муовини Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби И. Сяожун роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС қайд намуд.

Шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара

.

Рўзи 24-уми май соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.