Навиди Вазорат

Ифтитоҳи Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Курӯши Кабир» -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Боздид аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.